Ин қарори додгоҳ 10 июн содир шуда, барои ҳар бори нақзи он то 250 ҳазор евро ҷарима пешбинӣ шудааст. Агар ҷониби ҷавобгар тавони пардохти ин маблағро надошта бошад, ӯро ҳабси маъмурӣ ба муҳлати то 6 моҳ таҳдид мекунад.
Вакилони дифои Усмонов нашрияи мазкурро барои як матлабаш дар соли 2017 ба додгоҳ кашида буданд. Ба гуфтаи онҳо, соҳибкор “бар асоси овозаҳо ҳудуди як сол виллаеро дар Тегернзеи Олмон соҳибӣ кардааст”.
Қаблан додгоҳи Франкфурти Олмон қарор карда буд, ҳамаи амволи олигархи русиягӣ Алишер Усмонов, ки дар доираи парвандаи "пулшӯӣ" мусодира шуда буданд, баргардонида шавад. Хабаргузории русии "Интерфакс" иттилоъ дода, ки санадҳои мусодирашудаи Усмонов ҳам ҳамроҳи амволаш баргардонида мешавад.
Пулиси Олмон дар чанд иншооти марбут ба олигархи русиягӣ Алишер Усмонов дар шаҳри Баварии он кишвар кофтукоб анҷом дода, чанд мошини гаронбаҳо, аз ҷумла мошинҳои "Mercedes Maybach S500"-ро, ки 140 ҳазор евро арзиш доранд, мусодира карда буд.
Алишер Усмонов - яке аз сарватмандтарин афрод дар Русия аст. Бино ба баҳогузории ахири маҷаллаи Форбс дар соли 2022, дороии Усмонов 14,4 млрд евро баҳо дода мешуд. Баъди ҳамлаи густардаи Русия ба Украина Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Бритониё Усмоновро шомили рӯйхати таҳримҳо карданд.