Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз маҳалли тазоҳурот иттилоъ дод, ки дар миёни таҷаммуъгарон онҳое ҳам ҳастанд, ки зидди истифодаи дастгоҳҳои хазинавии назоратӣ (ДХН) мебошанд.
Ба гуфтаи хабарнигор, ба назди таҷаммуъгарон масъулони Хадамоти давлатии андози Қирғизистон рафтаанд ва бо онҳо "корҳои фаҳмондадиҳӣ" мегузаронанд.
Соҳибкорони бозори "Дордой Моторс"-и Бишкек ҳам 10 июн дар эътироз ба истифодаи ҳатмии дастгоҳҳои хазинавии назоратӣ (ДХН) тазоҳурот карда буданд.
Онҳо гуфтанд, зидди истифодаи варақаи электронии интиқол ва ҳисобномаҳои электронӣ ҳастанд. Зеро ба гуфтаи соҳибкорон, онҳо маҷбур ҳастанд, ки барои ин ду муҳосиб бигиранд, ки харҷи зиёдатиро дар пай дорад.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 6 июн дар мулоқот бо соҳибкорони кишвараш ба аҳамияти истифодаи ДХН, варақаи электронии интиқол ва ҳисобномаи электронӣ таъкид кард. Ӯ гуфт, рақамисозии раванди пардохти андоз ба коҳиши иқтисоди соягӣ, тақвияти боварӣ миёни давлат ва мардум мусоидат мекунад.
Порлумони Қирғизистон 22 декабри соли 2022 лоиҳаи Кодекси нави андози ин кишварро ба тасвиб расонда буд, ки роҳандозии дастгоҳҳои назоратии кассавиро дар марказҳои савдо пешбинӣ мекунад. Вале Хадамоти давлатии андози Қирғизистон 29 ноябри соли гузашта дар пайи эътирози тоҷирон гуфт, соҳибкорони бозорҳои "Дордой"-и Бишкек ва "Қарасуу"-и вилояти Ӯш ба далели иншооти стратегӣ будани ин ду ДХН истифода нахоҳанд кард.