Вазорати молияи ИМА хабар дод, ки дар миёни таҳримшудаҳои нав як ширкати қазоқистонӣ бо номи "КБР-Технология" ҳам ҳаст. Он 13 майи соли 2023 дар Петропавловск сабтином шудааст.
Нашрияи "Верстка" моҳи феврали соли 2024 дар таҳқиқоти худ навишт, ки "КБР-Технология" дар интиқоли маҳсулоти таҳримшуда ба корхонаҳои саноатии Русия, аз ҷумла соҳаи дифоӣ мусоидат кардааст.
"Тибқи маълумоти гумрукӣ, ширкати белорусии "Тефида" аз моҳи март то моҳи августи соли 2023 бо фармоиши "КБР-Технология" ба ширкатҳои русӣ, аз ҷумла "ОСТЕК" барои истеҳсоли қисмҳои электронӣ ба маблағи 5 миллион доллар таҷҳизот интиқол додааст", - гуфта шудааст дар таҳқиқот.
Дар баробари ширкатҳои русӣ, зидди ширкатҳои Чин, Қирғизистон, Туркия, Булғористон, Сербистон, Африқои Ҷанубӣ, АМА, Белорус, ки ба назари мақомоти амрикоӣ дар давр задани таҳримҳо ба Маскав кумак кардаанд, таҳрим ҷорӣ карда шудааст.