Ссылки доступа

Нороҳатии ронандагони мусофирбар аз озмуни ношаффоф дар Кӯлоб (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Нороҳатии ронандагони мусофирбар аз озмуни ношаффоф дар Кӯлоб. (видео)

- Боздошти ҳашт зодаи Тоҷикистон дар Амрико. Бо гузашти як рӯз аз эълони мақомоти Амрико дар бораи боздошти 8 зодаи Тоҷикистон дар Лос-Анҷелес, Ню-Йорк ва Филаделфия, мақомот дар Душанбе ҳанӯз вокуниш накардаанд. Манобеи амниятии Амрико рӯзи 11-уми июн ин афродро ба иртибот бо гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” ё ДОИШ гумонбар донистанд. (видео)

- Манучеҳр Болтуев дар шаби ҳамла ба "Крокус" куҷо шуд?Наздиконаш мегӯянд, Манучеҳр Болтуеви 40-сола шаби ҳамла ба "Крокус" дар Маскав беному нишон шуд. (видео)

- Дастури муқовимат ба озори ҷавонону наврасони тоҷик. Зӯргӯйӣ, таҳқир, пастзанӣ ва таҳдид. Маҷмӯи инҳо "буллинг" ё "озордиҳӣ" ном доранд ва аз 52 то 60 дарсади ҷавонону наврасон бо чунин бархӯрд рӯбарӯ мешаванд. Гоҳе ин ҳолат онҳоро ба худкушӣ ҳам мерасонад. Дар Тоҷикистон дастури муқовимат ба озори ҷавонону наврасон таҳия мешавад. (видео)

- Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҳукумат то соли 2037 чӣ нақша дорад. "Тоҷикистон то соли 2032 тавлиди нерӯи барқро пурра аз ҳисоби захираҳои энергетикаи сабз ба роҳ хоҳад монд." Дар ин бора президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11-уми июн дар нишасти об дар Душанбе изҳори назар кард. Феълан зиёда аз 98 дарсади нерӯи барқи Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои обӣ истеҳсол мешавад. (видео)

- Дар Бохтар оромгоҳҳои масеҳиёнро обод мекунанд. Вайронгарӣ дар оромгоҳҳои насрониён дар вилояти Хатлон ва дуздидани панҷараҳои атрофи гӯрҳо мақомотро водор кардааст, ки даст ба кор шаванд. Аз ҷумла, дар шаҳри Бохтар тасмим гирифтаанд, ки атрофи оромгоҳро панҷара бигиранд, то гӯрҳои азизони мардуми масеҳӣ зери пойи гову гӯсфанд намонад. (видео)

- Бо пули муҳоҷирон ва шахсони хайрхоҳ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд пул (купрӯк) месозанд. Он тақрибан панҷоҳ сол пеш вайрон шуда буд. Мардум мегӯянд, азбаски дар аҳди Шӯравии собиқ ва зиёда аз сӣ соли истиқлол касе ба бунёди пул иқдом накард, ночор худ даст ба кор шуданд. (видео)

- "Чаро падари тоҷикам аз ман рӯй гардондааст?" Қаҳрамони шумораи навбатии барномаи "Рӯзгори муҳоҷир" Мария (Мадина) Даскал мебошад, ки мегӯяд, падараш тоҷик ва модараш шаҳрванди Молдова аст. Мадина меафзояд, падару модараш муддати кӯтоҳе дар Маскав бо ҳам буданд, вале ӯ дар канори модаркалонаш дар Молдова ба воя расида, меҳри падариро надидааст. (видео)

- Истифодаи биогаз ё роҳи замонавии коркарди пору дар Суғд. (видео)

- Дар Сумии Украина аз ҳамлаҳои нави Русия метарсанд. Русия аз замину осмон ҳамлаҳоро ба вилояти Харкови Украина афзоиш додааст. Сокинони Сумии Украина, дар ҳамсоягии Харков, тарс доранд, ки низомиёни рус дубора ба ин вилоят ворид мешаванд, ҳарчанд раиси ҷумҳури Украина ин ҳамларо "ноком" номид. Соли 2022 Русия аз вилояти Суми ақибнишинӣ карда буд. (видео)

- Аврупоиён парлумони нав интихоб мекунанд. Аврупоиён парлумони нав интихоб мекунанд. Шаҳлои Абдуллоҳ хабарнигори Радиои Озодӣ ин маъракаи сиёсиро дар Бруссел пайгирӣ дорад. (видео)

- Кӯлоб мехоҳад аз кумаки нозирони барқ халос шавад. Шабакаи таъмини нерӯи барқи Кӯлоб мехоҳад бо истифода аз ҳисобкунакҳои ҳушманд аз кумаки нозирони барқ халос шавад. (видео)

- Мутахассисон тасбеҳи нави бевирус офаридаанд. Дар Ҳаҷҷи имсола тасбеҳи наверо дар байни зойирон тақсим мекунанд, ки гуфта мешавад, ангезандаҳои бемориро мекушад ва имкон намедиҳад, бактерияҳои хатарнок аз даст ба даст бигзарад. Тасбеҳро дар дохили ҳавопаймоҳо ё дар худи Макка ба зойирон хоҳанд дод, то ки зикру ниёиашон бехатар бошад. (видео)

- Бастрикин дастур дод, муҳоҷиронро сахт бигиранд. Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия бо такрори иддао дар бораи афзоиши ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон дастур додааст, ки амалиёт ба зидди онҳо идома дода шавад. (видео)

- Баҳси "Тоҷикистон"-и Фархор ҳанӯз ҳал нашудааст. Дар ноҳияи Фархор баҳсу кашмакаши додгоҳӣ барои як роҳе идома дорад, ки ба гуфтаи мақомот се нафар порчаҳое аз онро ғасб кардаанд. Додгоҳ амр додааст, ки қисме аз деворҳои хонаҳои се сокини деҳаи "Тоҷикистон" -ро бардоранд, зеро ба ҳаракати мардум халал мерасонад, вале яке аз сокинон норозист. Чаро? (видео)

- Чаро қурби доллар дар Тоҷикистон поён меравад? Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, поин омадани қурби доллар дар баробари сомонӣ як тамоюли мавсимист ва шояд тағйир ёбад. Дар чанд ҳафтаи ахир қурби доллар, як арзи серхаридор дар Тоҷикистон арзонтар шудааст. Поин омадани қурби доллар чӣ таъсире ба иқтисоду зиндагии мардум дорад? (видео)

- Ширкати чинӣ бо ҳамкори тоҷикаш даъво кардааст. Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон даъво дорад, ки ширкати тоҷикии "Нахш" садҳо ҳазор долларашро гирифта пас намедиҳад. Ин ширкати чинӣ ба коркарди тилло машғул будааст. (видео)

- Ҳосили зиёд нархи пиёзро поин бурдааст. Ҳосили зиёд нархи пиёзро дар бозорҳои Тоҷикистон поин овардааст. Аз ин арзонӣ деҳқонон чандон хушҳол нестанд. Чаро? (видео)

- Чаро деҳқонони тоҷик дигар кишт намекунанд? Тақрибан 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунад ва дар баробари муҳоҷирати меҳнатӣ, кишоварзӣ як манбаи дигари даромади онҳо ба ҳисоб меравад. Аммо солҳои ахир бахше аз деҳқонон аз кишоварзӣ ба дилсард шудаанд. (видео)

- Дар Конибодом чӣ мегузарад? Қатли шаш узви ду оила. Мақомоти баландпояи интизомии Тоҷикистон ба таҳқиқи ҳодисае пардохтаанд, ки дар шимоли кишвар сарусадои зиёде барпо кардааст. Дар шаҳри Конибодом дар се моҳи охир чанд узви се оиларо куштанд ва то кунун мақомот дар бораи ангезаҳои куштор ва ё муттаҳам ба қатлҳои шубҳабарангез чизе нагуфтаанд. (видео)

- Талаби санади нав аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки барои сабти ном дар Хадамоти муҳоҷират аз онҳо дархосту тазмини корфармо талаб шудааст. Беш аз 60 муҳоҷири тоҷик, ки дар хобгоҳе дар Маскав зиндагӣ доштанд, гуфтанд, бори аввал аст, ки ба чунин мушкил дучор мешаванд. (видео)

- Ахбори Озодӣ аз 31-уми майи соли 2024. Парвандаи ҷиноии навраси кордкаш дар Ёвон; "Занги охирин"-и беранг дар Тоҷикистон; Доналд Трамп гуноҳ доштааст; такси гарон шуд, зеро муҳоҷиронро аз ин кор маҳрум карданд ва кори замимаи "Чӣ гап" барқарор хоҳад шуд. (видео)

- Трампро гунаҳкор карданд. Худаш гуфт, "марди бегуноҳам". Ҳайати ҳакамони додгоҳи Ню-Йорк 30-юми май Доналд Трампро ба сохтакории санадҳо барои пинҳон кардани пули ҳаққи сукут ба ситораи филмҳои порнографӣ, Сторми Даниелс, муҷрим эълон кард. "Ин як шармандагӣ аст," – гуфт Доналд Трамп дар ҷавоб ба қарори додгоҳ ва афзуд, "ман як марди бисёр бегуноҳам." (видео)

- Чаро нархи таксӣ дар Русия гарон мешавад? Вакилони мардумӣ дар Русия бори дигар манъи кори муҳоҷиронро дар бахши мусофиркашонӣ матраҳ карданд. Масъулони хадамоти таксӣ мегӯянд, чунин иқдом нархи роҳкироро баланд кард. (видео)

- "Сел хонаву киштзорҳоро нобуд кард. Додамонро ба кӣ гӯем?" Ҳукумати Толибон дар Афғонистон гуфтааст, ки танҳо дар моҳи май селу обхезӣ дар ин кишвар бештар аз 400 нафарро куштааст. Танҳо дар вилояти Бадахшон 10 узви як оила ҷон додаанд ва ҳеч касе аз хонавода зинда намондааст. Дар ин миён бештар аз ҳама вилояти Бағлон осеб дидааст. (видео)

- Муҳоҷирони "депортшуда" чӣ ҳол доранд? Ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав сабаб шуд, ки мақомоти Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ба ин кишвар роҳ надиҳанд ва ё аз қаламрави худ “депорт” кунанд. Аксар муҳоҷироне, ки ба Тоҷикистон баргаштаанд, бекоранд ва намедонанд зиндагии хонаводаро чӣ гуна таъмин кунанд. (видео)

- Кай дар Тоҷикистон иқтисоди сабз дастболо хоҳад шуд? Коршиносон исрор меварзанд, ки ба ин зудиҳо Тоҷикистон наметавонад аз истифодаи ангишт даст кашад. (видео)

- Манъи вуруд ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия ду баробар бештар шудааст. (видео)

- Хонаҳои фурӯрехта ва мардуми саргардон. Оқибати сел дар Сурхоб (видео)

- Русия мехоҳад муҳоҷирони тоҷикро қабл аз сафарашон дар Тоҷикистон тафтиш кунад. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG