"Қабул ва гусели ҳамаи парвозҳои байналмилалӣ дар фурудгоҳи Алмато аз соати 23:13-и 13 июн тавассути терминали нав сурат хоҳад гирифт", - омадааст дар иттилоияи кумита.
Терминали нави фурудгоҳи Алмато 1 июн боз шуда, то ҳол тавассути он 310 парвози байналмилалӣ анҷом ва ба 44 ҳазор мусофир хидмат расонда шудаааст.
Ин терминал дар ҳоли ҳозир ба 33 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 3 ширкати қазоқистонӣ хидмат мерасонад.