Ссылки доступа

CPJ аз ҳукумати Қирғизистон хост, 11 рӯзноманигорро озод кунад


Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) 13 июн бо нашри изҳороте аз ҳукумати Қирғизистон даъват кард, ки парванда алайҳи 11 корманди кунунӣ ва собиқи тарҳҳои Temirov Live ва "Айт, айт десе"-ро қатъ кунанд.

Намояндаи "CPJ" дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Гулноза Саид гуфт, ба зиндон маҳкум кардани 11 рӯзноманигор "як гардиши даҳшатнок дар кишваре хоҳад буд, ки таърихан "ҷазираи демократия" дар Осиёи Марказӣ ҳисобида мешуд".

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 17 январ 11 рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ, аз ҷумла корманди пешини ва кунунии "Temirov LIVE"-ро ба ҳабс гирифт.

Дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфта буданд, ки зидди боздоштшудаҳо бо гумони "беназмии оммавӣ" ва "даъват ба итоат накардани фаъолона ба талабҳои қонунии мақомот, даъват ба бетартибиҳои оммавӣ, ҳамчунин даъват ба зӯроварӣ нисбати шаҳрвандон" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Худи гумонбарон ин иттиҳомҳоро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG