Дар Маркази ҷумҳуриявии таҳкими саломатии Қирғизистон гуфтанд, озмоиши мазкур дар тамоми минтақаҳои ин кишвар гузаронида шуда, шаҳрвандон барои санҷиш тасодуфан интихоб мешаванд.
Ба иттилои марказ, ҳадафи гузаронидани ин озмоиш дақиқ кардани омори мубталоён ба вирусҳои мазкур мебошад. "Ин омор барои таҳияи стратегияҳои муассири пешгирикунанда ва беҳсозии сиҳатии сокинон муҳим аст", - омадааст дар иттилоияи марказ.
Озмоиш дар миёни кудакони аз 5 то 17-сола ва калонсолон гузаронида хоҳад шуд.
Тибқи омори расмӣ, соли 2023 дар Қирғизистон 1006 мубталои нав ба ВИЧ сабт ва 824 кас тавассути алоқаи ҷинсӣ олуда шудааст.