Додрас сухани қазоқистониро намоиши рамзи ифротгароӣ арзёбӣ кардааст. Ба иттилои "Медиазона", шаҳрванди Қазоқистон 4 июн барои дашном додан боздошт ва ба шуъбаи пулис интиқол ёфтааст. Ӯ дар шуъбаи пулис, фарёд задааст, ки "Шараф бар Украина".
Вайро нахуст барои дашном додан дар ҷойи ҷамъиятӣ 500 рубли русӣ ҷарима ва барои "Шараф бар Украина" гуфтан 13 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кардаанд. Додрас гуфтааст, "Шараф бар Украина" шиори созмони ифротгарои Ассамблеяи миллии Украина - "Дифоъ аз мардуми Украина ва "Ҷабҳаи рост" мебошад.
Хохлов гуноҳи худро эътироф карда, гуфтааст, замони "Шараф бар Украина" гуфтан маст буд.