Ссылки доступа

Алишер Усмонов як бонки Олмонро ба додгоҳ кашид


Миллиардери узбектабори Русия Алишер Усмонов зидди Бонки “UBS Europe SE” (UBS Deutschland AG) барои “силсила огаҳиҳои беасос”-аш дар бораи амалиёти шубҳаноки соҳибкор ба додгоҳи Франкфурти Олмон шикоят кардааст.

Дар ин бора "Коммерсант" бо истинод ба вакили дифои миллиардер Штефани Рабенау хабар додааст.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, бонк дар солҳои 2018-2022 мақомоти Олмонро чандин бор огаҳ кардааст, ки гӯиё соҳибкори узбектабор амалиёти шубҳаноки молӣ анҷом медиҳад ва ин кор боиси оғоз шудани “тафтишоти дорои ангезаи сиёсӣ” зидди Алишер Усмонов шудааст.

“Дар ҳоли ҳозир бонк ҳеч гуна далелеро пешниҳод накардааст, ки шубҳаҳоро тасдиқ кунад”, - изҳор доштааст вакили дифои Усмонов.

Ахиран додгоҳе дар Ҳамбурги Олмон паҳн кардани хабарҳо дар бораи онро ки гӯиё Алишер Усмонов дар Бовария “вилла” ё хонаи боҳашамате дорад, барои нашрияи “Tegernseer Stimme” манъ кардааст.

Додгоҳи Франкфурт ҳам қарор карда буд, ҳамаи амволи олигархи русиягӣ Алишер Усмонов, ки дар доираи парвандаи "пулшӯӣ" мусодира шуда буданд, баргардонида шавад. Хабаргузории русии "Интерфакс" иттилоъ дода, ки санадҳои мусодирашудаи Усмонов ҳам ҳамроҳи амволаш баргардонида мешавад.

XS
SM
MD
LG