Рузиев дар ҷараёни як конфронси видеоӣ гуфтааст, соҳаи сохтмон дар Узбекистон зуд рушд мекунад ва музди меҳнат дар баъзе аз иншооти кишвар бо моҳона дар сохтмонҳои Русия рақобат мекунад.
"Имрӯз раванди сохтмон дар Узбекистон авҷ мегирад ва табиист, ки моҳонаи мо бо музди меҳнат дар баъзе иншооти Русия баробар аст. Аз ин рӯ, дар чунин вазъ эҳтимол таваҷҷуҳи шаҳрвандони мо ба Русия камтар шавад", - изҳор доштаст ӯ.
Ба гуфтаи Рузиев, бинокорон дар баъзе аз сохтмонҳои Узбекистон наздик ба 500-600 доллари амрикоӣ моҳона мегиранд.