Ба иттилои марказ, дар пайи ин боронгариҳо эҳтимоли омадани сел дар вилоятҳои Қашқадарё, Фарғона, Андиҷон, Тошканд, Намангон, Самарқанд, Сурхандарё, Навоӣ ва Ҷизах вуҷуд дорад.
Аз шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои куҳӣ ба сар мебаранд ё мусофирон ва ронандагоне, ки ба он ҷойҳо сафар карданӣ ҳастанд, даъват шудааст, то эҳтиёткор бошанд.