Ссылки доступа

Фаъоли қазоқистонӣ мегӯяд, дар зиндон ба ӯ фишор меоранд


Марат Жиланбоев
Марат Жиланбоев

Марат Жиланбоев, фаъоли қазоқистонӣ дар як нома ба унвонии ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон Артур Ластаев гуфтааст, дар зиндон таҳти фишор қарор дорад.

"Ба ҷони ман аз ҷониби кормандони маҳбаси рақами 4 хатар вуҷуд дорад. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки фавран ба зиндон оед. Қаблан ман ба шумо навишта будам, ки ба кумаки ҳомиёни ҳуқуқ ниёз надорам, вале онро иҷборан навишта будам", - навиштааст Жиланбоев дар номаи худ, ки нусхаи он 17 июн дар Интернет шуд.

Вакили дифои фаъоли зиндонӣ Мейржан Доскараев гуфт, 17 июн дар маҳбаси № 4 бо Жиланбоев мулоқот кард ва шахси зери ҳимояаш шикоят карда, ки бо вуҷуди иваз шудани раҳбарияти зиндон таҳти фишор қарор дорад.

Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон моҳи ноябри соли 2023 Жиланбоевро 7 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вай борҳо талош кард, ки ҳизби "Алға, Қазоқистон!"-ро сабти ном кунад. Ӯро дар "маблағгузории фаъолияти тундгароёна" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" айбдор карданд.

Додгоҳи Остона рӯзи 19 январи имсол ҳукми Марат Жиланбоевро бе тағйир боқӣ гузошт ва Додгоҳи олии Қазоқистон 5 июн шикояти ӯро баррасӣ накард.

Мақомоти Қазоқистон моҳи апрели имсол номи Жиланбоевро ба рӯйхати "афроде, ки дар сармоягузории экстремизму терроризм даст доранд" шомил карданд.

XS
SM
MD
LG