Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон созишномаи бунёди роҳи оҳанро тасвиб кард


Вакилони порлумони Қирғизистон 19 июн якбора дар се қироат лоиҳаи қонун дар бораи тасвиби созишномаи ҳамкорӣ миёни ҳукуматҳои ин кишвару Чин ва Узбекистонро барои бунёди роҳи оҳан қабул карданд.

Лоиҳаи қонунро дар порлумон муовини вазири нақлиёти Қирғизистон Ирисбек Бариев муаррифӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, қабули қонун имкон медиҳад, ки иҷрои тарҳи роҳи оҳан миёни се кишвар амалан оғоз карда шавад.

Созишномаи мазкурро намояндагони ҳукуматҳои Қирғизистон, Чин ва Узбекистон 6 июн дар шаҳри Пекин имзо карда буданд.

Аз рӯи нақша, роҳи оҳан дар ҳудуди Қирғизистон 311 км тӯл дошта, аз масири "Торугарт - Кош-Добо - Казарман - Ҷалолобод" мегузарад ва сохтмонаш тақрибан 4,7 млрд доллар харҷ хоҳад дошт.

Мудири ширкати "Кыргыз темир жолу" Азамат Сакиев 18 июн гуфт, ними харҷи лоиҳа - 2 миллиарду 350 миллион долларро Ширкати муштараки лоиҳавӣ, ки ба он Қирғизистон, Узбекистон ва Чин дохиланд, ҳамчун қарз дарёфт хоҳад кард.

"50 дарсади ин маблағро худи Чин ба кишварҳои иштирокдори лоиҳа қарз медиҳад. 50 дарсади боқиро ҷонибҳо бояд аз ҳисоби худ пардозанд", - изҳор дошт Сакиев. Ба гуфтаи ӯ, саҳми Қирғзистон ҳудуди 700 миллион доллар аст.

XS
SM
MD
LG