"Мо афзоиши воридотро ба Қазоқистон мушоҳида мекунем ва аз эҳтимоли содироти дубораи онҳо ба Русия нигарон ҳастем", - изҳор дошт Дэвид О’Салливан.
Ӯдар ин бора 18 июн дар суҳбат бо рӯзноманигорон изҳори назар кард ва гуфт, ки дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Остона бо муовини сарвазири Қазоқистон Серик Жумангарин дидору гуфтугӯ кардааст.
"Мо аз моҳи апрели соли 2023 коҳиши тадриҷии воридот ва содироти дубораи маҳсулоти таҳримшударо тариқи Қазоқистон мушоҳида мекунем. Бар асоси таҷрибае, ки ман дорам, ин корҳо талош ва назорати доимиро талаб мекунанд", - афзуд О'Cалливан.
Фиристодаи махсуси ИА гуфт, Брюссел ба эъломи таҳримҳо алайҳи Қазоқистон исрор надорад, вале талаб мекунад, ки ба давр задани онҳо роҳ дода нашавад.