"Айдосро дирӯз ҷарроҳӣ карданд. Беш аз ду соат давом кард. Ман ба шуъбаи эҳёгарӣ ба наздаш даромадам. Вазъи саломатии ӯ хеле вазнин аст. Мутаассифона мағзи сар осеб дидааст", - гуфтааст ӯ дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ.
Содиқова сӯиқасд ба ҷони шавҳарашро ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ рабт медиҳад. Ӯ танҳо гуфт, ки ҳамлагар ба самти шавҳараш як бор оташ кушод. "Одамкуши ҳирфаӣ буд. Як бор оташ кушод, вале ба ҳадаф расид. Ӯро махсус киро карда буданд, то Айдосро кушад. Ин тарсондан набуд", - афзуд ҳамсари рӯзноманигори мухолифи қазоқ.
Наталя Содиқова дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар сӯиқасд ба ҷони шавҳараш мақомоти Қазоқистон, аз ҷумла президент Қосимҷомарт Тоқаевро гунаҳкор донист.
Шахси ношинос рӯзи сешанбе дар Киев ба самти мошине, ки дар дохили он Содиқовҳо ҳузур доштанд, оташ кушод. Пулиси милллии Украина гуфт, ҷустуҷӯи гумонбар оғоз шуда, дар ҳоли ҳозир шахсияти он номаълум аст.
Айдос Содиқов соли 2014, баъди он ки дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон зидди Наталя Содиқова парванда боз шуд, ба Украина рафта, ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ дарёфт кардааст. Содиқов мегӯяд, ӯро дар ватан бо ангезаҳои сиёсӣ таъқиб мекунанд. Мақомоти Қазоқистон Содиқовҳоро бо гумони барангехтани бадбинӣ таҳти пайгард қарор додаанд.