Ссылки доступа

ID-кортҳоро дар Қирғизистон ройгон иваз мекунанд


Содир Ҷабборов
Содир Ҷабборов

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук иқдоми ивази ройгони ID-кортҳоро барои шаҳрвандони кишвараш эълом кард.

Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом аз 1 июл то 31 августи имсол идома хоҳад кард. "Тавре ҳамаи шумо огаҳ ҳастед, акнун ID-корт ва ҳуҷҷатҳои лозимии дигар дар дохили кишвар нашр мешаванд. Пештар овозаҳое буд, ки гӯиё ба хориҷиҳо шиносномаи қирғизӣ мефурӯшанд. Мутаассифона, баъзан ин овозаҳо дуруст мебаромаданд. Эҳтимол бархе аз хориҷиҳо имрӯз ҳам шиносномаи қирғизӣ дошта бошанд, вале муҳлати он аз 5 то 10 сол аст ва баъди сипарӣ шудани муҳлат шиносномаҳо кор нахоҳанд дод", - навиштааст ӯ.

Ҷабборов изҳор дошта, ки дар оянда дар Қирғизистон дигар мафҳуми "шиносномаи қалбакӣ" ё "ID-корти сохта" вуҷуд нахоҳад дошт.

17 майи соли 2016 дар фурудгоҳи Отатурки шаҳри Истамбули Туркия 98 шаҳрванди Чин боздошт шуд, ки мехостанд бо шиносномаҳои қирғизӣ ба Ҷиддаи Арабистони Саудӣ парвоз кунанд.

Департаменти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Узгени вилояти Ӯши Қирғизистон соли 2022 гуфта буд, 2101 шиноснома ва 1667 ID-корте, ки бояд нобуд карда мешуданд, гум шудааст.

XS
SM
MD
LG