Дар дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Узбекистон гуфтанд, як зани 24-сола 6 июн барои овардани ду хеши 12 ва 17-солааш ба ватан аз ин ниҳод дархости кумак кардааст.
Ба гуфтаи зан, хешони ноболиғи ӯ дар Қазоқистон дар хонаи тағояшон зиндагӣ мекунанд ва соҳибхона онҳоро озори ҷинсӣ медодааст.
Ба иттилои ваколатдор, пулиси шаҳри Алмато 17 июн тағои ноболиғонро боздошт кардааст ва зидди ӯ бо гумони "Таҷовуз ба номус" парванда боз шудааст.
Духтарон дар ҳоли ҳозир дар Маркази ҳимоят аз кудакони шаҳри Алмато қарор доранд ва гуфтугӯҳо барои бозпас овардани онҳо ба ватан идома дорад.