Ссылки доступа

Президенти Қазоқистон қонун "Дар бораи ВАО"-ро имзо кард


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 20 июн лоиҳаи қонун "Дар бораи воситаҳои ахбори ом"-ро имзо кард.

Тибқи қонуни нав, мафҳуми "Воситаҳои ахбори ом" манбаъҳои интернетиро низ дар бармегирад.

Ин лоиҳаи қонунро палатаи поёнии порлумони Қазоқистон моҳи апрели имсол қабул карда буд.

Қонуни нав муҳлати эътибори даъво ба матлаби расонаҳоро аз 3 то ба 1 сол кам карда, замони баррасии дархости востаҳои ахбори омро аз 7 то ба 5 рӯз коҳиш медиҳад.

Дар лоиҳаи қабулшуда меъёрҳои пешниҳодшуда дар бораи "кортҳои рӯзноманигорӣ" ва "манъи таблиғи муносибатҳои ҷинсии ғайрианъанавӣ" шомил нашудаанд.

Қаблан Пажӯҳишгоҳи Байнулмилалии Матбуот (IPI) гуфта буд, лоиҳаи қонун "Дар бораи воситаҳои ахбори ом", ки дар порлумони Қазоқистон баррасӣ мешавад, метавонад ба вазъи озодии баён дар ин кишвар таъсири манфӣ расонад.

XS
SM
MD
LG