Ссылки доступа

Боздошти як марди бурқапӯш дар маркази Тошканд


Маъмурони пулиси шаҳри Тошканд 19 июн дар бозори "Чорсу"-и шаҳр мардеро боздошт карданд, ки либосҳои занона, аз ҷумла бурқа пӯшида буд.

Хабаргузории "Газета.uz" бо истинод ба манбаи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон иттилоъ дода, ки марди бурқапӯш сокини 22-солаи ноҳияи Буқаи вилояти Тошканд будааст.

Ӯро дар асоси қонун дар бораи пӯшонидани рӯй дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки монеи шиносоӣ мешавад, дастгир кардаанд.

Зидди боздоштшуда бо бандҳои "Итоат накардан ба талаби қонунии корманди мақомоти корҳои дохилӣ" ва "Бо чеҳраи пӯшида ҳозир шудан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки монеи шиносоӣ хоҳад шуд" парванда боз гаштааст.

Президенти Узбекистон Шавкт Мирзиёев 31 октябри соли 2023 қонунеро имзо кард, ки барои ҳозир шудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо рӯйи пӯшида аз $270 то $400 ҷарима пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG