Ссылки доступа

Рӯзноманигори қирғиз барои навиштаҳояш дар "Фейсбук" бозпурсӣ шудааст


Рӯзноманигори қирғизистонӣ Баян Жумагулова барои бозпурсӣ ба шуъбаи пулиси ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек даъват шудааст.

Рӯзноманигор дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, зидди ӯ барои навиштаҳояш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук парванда боз кардаанд.

"Тавре маълум шуд, онҳо аллакай навиштаҳои маро дар Фейсбук ҳифз ва ташхис кардаанд. Аллакай баргашти маро аз Олмон дар рӯзи 6 июн сабт карда, аз марзбонони кишвар дархост кардаанд, ки сафари маро ба хориҷ маҳдуд кунанд. Маро 22 июн дубора даъват кардаанд, то масъалаи ба ҳабс гирифтанамро баррасӣ кунанд", - изҳор дошт вай.

Пулиси Қирғизистон аз рӯзноманигорон талаб дорад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чизе нанависанд. Ба гуфтаи Жумагулова, зидди ӯ бо банди "Барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, қавмӣ ва динӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Пулиси Свердлов ин хабарро то ҳол шарҳ надодааст.

Баян Жумагуловаи 65-сол маъюби гуруҳи дувум аст. Вай чандин сол мешавад, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунад. Қаблан дар бахши қирғизии Радиои Озодӣ кор кардааст ва ҳоло бознишаста мебошад.

XS
SM
MD
LG