Сухангӯи Додситонии кулли Узбекистон Ҳаёт Шамсиддинов гуфт, ду духтарча, З. Ю.-и 14-сола ва К. Ю.-и 16-сола зери девор мондаанд. З. Ю. Дар ҷои ҳодиса ҷон бохта, К. Ю. дар беморхона бистарӣ шудааст.
Видеои ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст. Додситонии ноҳия тафтиши ҳодисаро оғоз кардааст.
Қаблан Маркази обуҳавошиносии "Узгидромет" ҳушдор дода буд, ки рӯзҳои 17-19 июн дар ноҳияҳои куҳӣ ва доманакуҳҳои Узбекистон борони сахт меборад ва эҳтимоли омадани сел дар вилоятҳои Қашқадарё, Фарғона, Андиҷон, Тошканд, Намангон, Самарқанд, Сурхандарё, Навоӣ ва Ҷизах вуҷуд дорад.