Додрас Даулет Мадалиев дар баробари айбдор донистани маҳкумшуда ба куштор ҳамчунин ӯро барои ҳамеша аз ҳаққи омӯзгорӣ ва кор бо ноболиғон маҳрум кардааст.
Падари маҳкумшуда гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаи болоӣ шикоят хоҳанд кард.
Дар рафти баррасии парванда дар додгоҳ гуфта шуд, ки гумонбар гирифтори бемории музмини равонӣ аст.
Тибқи маводи парванда, зан 7 феврали соли равон писари панҷсола ва духтарчаи чаҳорсолаашро дар манзили иҷорае дар шаҳри Туркистон нафасгир карда, куштааст. Занро як рӯз баъд дар меҳмонхонае дар Чимкент дастгир карданд.
Гумонбар дар додгоҳ гуноҳро ба гардан гирифтааст.