"Бо бунёди ин роҳи оҳан мо аз бунбаст берун шуда, ба як кишвари транзитӣ табдил меёбем ва аз интиқоли молу маҳсулот даромад ба даст хоҳем овард. Ба ҳисоби мо, солона тавассути роҳи мазкур аз 7 то 13-15 миллион тонна бор интиқол дода мешавад. Ҳамчунин мо ба роҳи баҳрӣ хоҳем баромад", - изҳор дошт ӯ.
Ба гуфтаи Жапаров, сохтмони роҳи оҳани мазкур боиси афзоиши қарзи хориҷии Қирғизистон нахоҳад шуд.
Вакилони порлумони Қирғизистон 19 июн якбора дар се қироат лоиҳаи қонун дар бораи тасвиби созишномаи ҳамкорӣ миёни ҳукуматҳои ин кишвару Чин ва Узбекистонро барои бунёди роҳи оҳан қабул карданд.
Аз рӯи нақша, роҳи оҳан дар ҳудуди Қирғизистон 311 км тӯл дошта, аз масири "Торугарт - Кош-Добо - Казарман - Ҷалолобод" мегузарад ва сохтмонаш тақрибан 4,7 млрд доллар харҷ хоҳад дошт.
Мудири ширкати "Кыргыз темир жолу" Азамат Сакиев 18 июн гуфт, ними харҷи лоиҳа - 2 миллиарду 350 миллион долларро Ширкати муштараки лоиҳавӣ, ки ба он Қирғизистон, Узбекистон ва Чин дохиланд, ҳамчун қарз дарёфт хоҳад кард.
"50 дарсади ин маблағро худи Чин ба кишварҳои иштирокдори лоиҳа қарз медиҳад. 50 дарсади боқиро ҷонибҳо бояд аз ҳисоби худ пардозанд", - изҳор дошт Сакиев. Ба гуфтаи ӯ, саҳми Қирғзистон ҳудуди 700 миллион доллар аст.