Ссылки доступа

Дар Қазоқистон "қароргоҳи Назарбоев"-ро мефурӯшанд


Ҳукумати вилояти Қазоқистони Шарқӣ маҷмааеро ба фурӯш гузоштааст, ки бо номи “Қароргоҳи Назарбоев” маъруф аст.

Арзиши аввалияи маҷмаа 1 миллиарду 115 миллион танга (2,4 миллион доллар) гуфта шудааст.

"Бино аз ду ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 3 179,9 метри мураббаъ аст", - афзудааст манбаъ.

Расонаи маҳаллии "YK-news.kz" навиштааст, эҳтимол Нурсултон Назарбоев ҳангоми президент будан вақте ба Қазоқистони Шарқӣ сафар мекард, дар ин маҷмаа меистод. Дертар блогерон гуфтанд, Даниал Ахметов, ки ҳудуди 10 сол раиси вилояти Қазоқистони Шарқӣ буд, дар маҷмааи мазкур зиндагӣ мекард. Вале Ахметов ин иддаро рад кард.

Дар ҳукумати Қазоқистони Шарқӣ гуфтанд, яке аз шартҳои асосӣ барои молики ояндаи маҷмаа ин аст, ки соли аввал 400 миллион танга ва дар ду соли баъдӣ 200-миллионтангаӣ дар он сармоягузорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG