Ссылки доступа

Дар Қирғизистон 30 зодаи Осиёи Ҷанубиро аз ғуломӣ озод карданд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 20 июн хабар дод, ки фаъолиятҳои ғайриқонуниеро дар соҳаи саноати сабуки ин кишвар ошкор кардааст

Шаҳрванд Ж.А. дар ноҳияи Сокулуки вилояти Чуйи Қирғизистон сехи дузангаии пинҳониеро ташкил кардааст, ки дар он 30 зодаи Осиёи Ҷанубӣ ғайриқонунӣ кор мекарданд.

Бино ба фарзияи муфаттишон, Ж.А. шаҳрвандони хориҷиро ба кор ҷалб карда, ба онҳо маблағеро, ки дар аввал ваъда дода буд, намепардохтааст. Ҳамчунин барои онҳо иҷозатномаи зист ва раводиди корӣ нагирифтааст.

Корфармо дар якҷогяӣ бо нозири минтақавии маҳаллӣ шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷиро гирифта, иҷборан кор мефармудааст.

Соҳиби сех ва нозири минтақавӣ дастгир шуаанд.

XS
SM
MD
LG