Ба иттилои марказ, дар пайи ин боронгариҳо эҳтимоли омадани сел дар вилоятҳои Қашқадарё, Фарғона, Андиҷон, Тошканд, Намангон, Самарқанд, Сурхандарё ва Ҷизах вуҷуд дорад.
Аз шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои куҳӣ ба сар мебаранд ё мусофирон ва ронандагоне, ки ба он ҷойҳо сафар карданӣ ҳастанд, даъват шудааст, то эҳтиёткор бошанд.
Қаблан хабар дода шуд, ки 17 июн дар натиҷаи омадани сел ва чаппа шудани деворе дар ноҳияи Чусти вилояти Намангони Узбекистон як кас ҷон бохтааст.