Додситонии кулли Украина 20 июн хабар дод, ки зидди ду шаҳрванди Қазоқистон Алтай Жаканбоеви 36-сола ва Майрам Каратаеви 33-сола тафтишотро оғоз кардааст.
Ба иттилои додситонӣ, ин ду нафар бо фармоиши шахсе, ки дар ҳоли ҳозир шасияташ номаълум аст, мехостанд рӯзноманигори мухолифи қазоқро кушанд.
Ҳамлагарон 2 июн вориди шаҳри Киеви Украина шуда, барои иҷрои нақшаи худ мошини "Opel Vectra"-ро ба иҷора гирифтаанд.
Наталя Содиқова гуфтааст,Майрам Каратаев дар Департаменти корҳои дохилии вилояти Костанайи Қазоқистон кор кардааст. Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон имрӯз, баъди нашри ин хабар гуфт, яке аз гумонбарон соли 2019 аз саффи кормандони умури дохилӣ ронда шудааст ва дигар корманди ин ниҳод нест.
Шахси ношинос рӯзи сешанбе дар Киев ба самти мошине, ки дар дохили он Содиқовҳо ҳузур доштанд, оташ кушод. Пулиси милллии Украина гуфт, ҷустуҷӯи гумонбар оғоз шуда, дар ҳоли ҳозир шахсияти он номаълум аст.
Айдос Содиқов соли 2014, баъди он ки дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон зидди Наталя Содиқова парванда боз шуд, ба Украина рафта, ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ дарёфт кардааст. Содиқов мегӯяд, ӯро дар ватан бо ангезаҳои сиёсӣ таъқиб мекунанд. Мақомоти Қазоқистон Содиқовҳоро бо гумони барангехтани бадбинӣ таҳти пайгард қарор додаанд.