Хабаргузории “The Insider“ бар асоси маълумоти гумрукӣ иттлоъ дода, ки киштии “Sunseeker Predator 115” моҳи феврали имсол аз Туркия вориди шаҳри Сочии Русия шудааст.
Ин киштӣ ду моҳ пеш аз интиқолаш ба Русия ба номи ширкати “Аверс Трейд” қайд гаштааст. Бунёдгузори ин ширкат Олег Гарай мебошад, ки раҳбарии ду ширкати марбут ба Натан Винер -- "Градпроект" ва "Родина строй групп"-ро бар зимма дорад. Бино ба маълумоти рӯзноманигорон, Гарай бо маоши расмияш наметавонад чунин киштӣ харидорӣ кунад.
Расона навишта, ки эҳтимол ин киштӣ барои модари Натан Винер – Ирина Винер, ки шахси боэътимоди президенти Русия Владимир Путин маҳсуб мешавад, харидорӣ шуда бошад.