Дар курсии айбдорӣ чаҳор корманди шахтаи "Казахстанская" нишастаанд. Ҳамаи онҳо ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуда, дар нақзи қоидаҳои бехатарӣ, ки боиси ҳалокати инсон шудааст, муттаҳам мешаванд.
Ҳодиса дар давраи фаъолият доштани ширкати "АрселорМиттал Темиртау" (АМТ) рух додааст ва ҳоло номи ин ширкат ба "Qarmet" иваз карда шудааст.
Ин дувумин парвандаи ҷиноӣ аст, ки дар робита ба ҳалокати ангиштканони ширкати АМТ боз карда мешавад. Шахтаи "Казахстанская" дар шаҳри Шахтински Қазоқистон, ки онҷо бештар хонаводаҳои ангиштканон зиндагӣ мекунанд, ҷойгир аст.
Садама дар шахтаи "Казахстанская" моҳи августи соли гузашта рух дода, дар натиҷаи он 5 кас кушта ва 16 тани дигар захмӣ шудааст.