Ссылки доступа

ИА бастаи 14-уми таҳримҳоро зидди Русия қабул кард


Шӯрои Иттиҳоди Аврупо бастаи 14-уми таҳримҳоро зидди Русия барои ҳамла ба Украина қабул кард.

Дар ин бора субҳи имрӯз хабар дода шудааст. Маҳдудиятҳо ва рӯйхати таҳримшудаҳои нав ба зудӣ нашр мешаванд.

Иттиҳоди Аврупо ҷамъан зидди 116 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ таҳрим ҷорӣ кардааст. Қаблан гуфта мешуд, ки ба рӯйхати нави таҳримшудаҳо сароянда Полина Гагарина, бунёдгузори "Русской медной компании" Игор Алтушкин, дабири кулли "Институти рушди интернет" Алексей Гореславский ва собиқ президенти ширкати "Балтика" Таймураз Боллоев шомил хоҳанд шуд.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, “Euobserver” ва “Reuters” эъломи таҳримҳои нав ба далели мавқеи Олмон ба таъхир афтода буд. Олмон мехост, ширкатҳои аврупоӣ барои нақзи таҳримҳо аз сӯи корхонаҳои зертобеашон дар кишварҳои севум ҷавобгар дониста нашаванд. Йозвяк гуфт, ҷонибҳо рӯзи сешанбе дар ин замина ба созиш расиданд.

Қаблан “Euobserver” бо истинод ба лоиҳаи санад навишта буд, бастаи нави таҳримҳо манъи интиқоли гази моеи Русия ва маҳдуд кардани дастрасии ин кишвар ба технологияҳоеро, ки бо чанд ҳадаф истифода мешаванд, пешбинӣ мекунад.

Дар миёни таҳримшудаҳо ширкатҳо аз Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Чин ва АМА низ ҳастанд. Ҳамаи онҳо ба хотири мусоидат ба Русия дар давр задани таҳримҳо мавриди таҳрим қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG