Видеои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, чандин қирғизистонӣ ба сӯи мошине, ки дар дохили он ҳамватанонашон қарор доранд, санг мепартоянд.
Телевизиони "Регион41" 24 июн хабар дода, ки ҳодисаро роҳгузаре ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст.
Пулиси минтақа дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Авбошӣ" парванда боз кардааст.
Сафорати Қирғизистон дар Русия то ҳол ҳодисаро шарҳ надодааст.