Ссылки доступа

Аврупо зидди як ширкати Қазоқистон таҳрим ҷорӣ кард


Ширкати қазоқистонии "Da Group 22" ба рӯйхати нави таҳримшудаҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) шомил шудааст.

Маҷаллаи расмии ИА навишта, ки ширкати мазкур аз 25 июни имсол шомили рӯйхат гаштааст.

"Da Group 22" соли 2022, зоҳиран баъди оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар шаҳри Остонаи Қазоқистон сабтином шудааст. Ҳанӯз дар моҳи ноябри соли гузашта гуфта мешуд, ки ин ширкат дар давр задани таҳримҳо ба Русия кумак мекунад. Номи "Da Group 22" дар санадҳои гумрукии Русия ҳамчун қабулкунандаи микрочипҳо аз Қазоқистон дарҷ шудааст.

Гуруҳи байналмилалии таҳқиқотгарон гуфтанд, ин ширкат моҳи майи соли 2023 дар содироти дубораи маҳсулоти таҳримшуда, ки дар ҷанг истифода мешаванд, ба Русия бевосита мусоидат кардааст.

Шӯрои ИА 24 июн бастаи 14-уми таҳримҳоро зидди Русия барои ҳамла ба Украина қабул кард. ИА ҷамъан зидди 116 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ таҳрим ҷорӣ кардааст. Дар миёни таҳримшудаҳо ширкатҳо аз Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Чин ва АМА низ ҳастанд. Ҳамаи онҳо ба хотири мусоидат ба Русия дар давр задани таҳримҳо мавриди таҳрим қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG