Хадамоти матбуотии сарвазири Узбекистон иттилоъ дода, ки дар ин маросим сарвазир Абдулло Орифов ва вазири корҳои хориҷии он кишвар Бахтиёр Саидов ҳам иштирок кардаанд.
Дааданхуу Батбаатар нахустин сафири Муғулистон дар Узбекистон таъйин шудааст. То ин дам дар Тошканд консулгарии фахрии Муғулистон фаъолият мекард.
Хабаргузории “Montsame” иттилоъ дода, ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар мулоқот бо ҳамтои муғулаш гуфтааст, Тошканди расмӣ низ ба зудӣ намояндагии дипломатии худро дар шаҳри Улан-Батор боз мекунад.
Президенти Муғулистон бо сафари давлатӣ вориди Тошканд шуда, дар ҷараёни ин сафар 14 санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар имзо шудааст.