Ссылки доступа

Қирғизистон созишномаи ҳамкории густардаро бо Аврупо имзо кард


Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Қирғизистон рӯзи 25 июн дар Брюссел Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории густардаро имзо карданд.

Дар ин бора сомонаи расмии Комиссияи Аврупо иттилоъ додааст. Дар ИА бар ин назаранд, ки имзои санад марҳилаи муҳим дар таҳкими равобити дуҷониба аст.

Дар иттилоияи расмӣ гуфта шуда, ки созишнома асоси нави ҳуқуқиро барои тақвияти муколамаи сиёсӣ ва таҳкими ҳамкориҳо дар як қатор бахшҳо, аз ҷумла савдо, сармоягузорӣ, рушди устувор, маориф, муҳити зист, тағйири иқлим, волоияти қонун, ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин мекунад.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо як сафари расмӣ дар Брюссел қарор дорад. Ӯ 25 июн бо президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел мулоқот кард.

Миёни Қирғизистон ва ИА соли 1999 низ созишнома ба имзо расида буд. Таҳияи созишномаи нав дар бораи шарикӣ ва ҳамкориҳои густардаи Бишкек ва Брюссел 19 декабри соли 2017 шуруъ шуда буд.

XS
SM
MD
LG