OCCRP ё Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта иттилоъ дода, ки қазоқистониҳо як рӯз баъд тавассути ҳавопаймои хусусӣ қаламрави Юнонро тарк кардаанд.
Оташбозӣ ё фейерверк дар киштии мазкур, ки дар яке аз соҳилҳои Юнон қарор дошт, боиси сар задани сӯхтор дар ҷангал шуд. Ба иттилои хабаргузории Афина (ANA), дар робита ба сӯхтор 13 кас дастгир шудааст, вале ҳамаи онҳо худро бегуноҳ номидаанд.
Ягон меҳмони киштии 54-метрӣ, ки арзиши кирояи якҳафтаии он 250 ҳазор евро аст, дастгир нашудааст. Бино ба маълумоти OCCRP, дар миёни қазоқистниҳое, ки дар он киштӣ ҳузур доштанд, соҳибкор Даниёр Абулгазин низ будааст, ки маҷаллаи "Forbes Kazakhstan" дороии ӯро 380 миллион доллар арзёбӣ мекунад.
Абулгазин ба зангҳо ва номаҳои рӯзноманигорони OCCRP посух надод. Бар асоси санадҳо, дар киштӣ писар ва ҳамсари Абулгазин - Айдан Сулаймонова низ будаанд. Сулаймонова раҳбари яке аз бузургтарин бунёдҳои хайрияи Қазоқистон аст.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфтанд, дар миёни боздоштшудаҳо ягон шаҳрванди ин кишвар нест ва мақомоти Юнон ҳам алайҳи қазоқистоние даъво надоранд.