Ссылки доступа

Боздошти чанд масъули "West Oil Software" барои дуздии пулҳо


Чанд масъули баландпояи ширкати "ОйлТранспортКорпорейшн" (ОТК) ва паймонкори он "West Oil Software" бо гумони азхудкунии маблағҳо дастгир шудаанд.

Додситонии вилояти Манғистауи Қазоқистон иттилоъ дода, ки масъулони ширкат "автобусҳоеро, ки ба нишондодҳои техникӣ ҷавобгӯ набуданд, ба маблағи беш аз якуним миллиард танга" харидорӣ кардаанд ва арзиши автобусҳо 400 миллион танга зиёд нишон дода шудааст.

Ҳамчунин 110 миллион танга барои хидматрасонии техникаи махсусе ҷудо шудааст, ки фаъолият намекунад.

Дар "West Oil Software", паймонкори ОТК бидуни асос ба наздикону пайвандони раҳбарияти ширкат моҳона пардохт мешудааст ва маблағи пардохт беш аз 400 миллион тангаро ташкил медиҳад.

Кормандони ширкати "West Oil Software" аз моҳи декабри соли гузашта бо талаби маоши бештару шароити кории беҳтар эътироз мекунанд. Додгоҳи вилояти Манғистау ахиран эътирози кормандонро ба далели баргузории он дар иншооти истеҳсолии хатарнок ғайриқонунӣ номид. "West Oil Software" моҳи феврали имсол шартномаи ҳамкорӣ бо 50 кормандро якҷониба қатъ кард.

XS
SM
MD
LG