РИА Новости иттилоъ дода, ки ҳодиса моҳи августи соли гузашта рух дода буд.
Гӯиё марди 59-солаи узбекистонӣ духтарчаи 11-соларо, ки мехост роҳи истгоҳи автобусро пайдо кунад, фиреб дода, ба самти меҳмонхона бурдааст.
"Маҳкумшуда дар роҳ талош кардааст, ки куртаи ноболиғро аз танаш берун кунад, вале духтарча муқобилият нишон додааст ва мард ҳам ба дучарха савор шуда, аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст", - омадааст дар хабар.
Шаҳрванди Узбекистон муҳлати ҷазояшро дар зиндони дорои низоми сахт адо мекунад.