Ин видео баҳсҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Дар он дида мешавад, ҷуфти ҷавон барои баргузор кардани ҷашни номзадии худ дар куҳе дар наздикии шаҳри Бишкек як чархболи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистонро киро кардаанд.
Ба гуфтаи Ҷабборов, наздикони раҳбари давлат бояд намуна бошанд, вале ҷияни ӯ дар ин бора фикр накардааст.
Президенти Қирғизистон барои амали ҷияни худ аз ҷомеаи кишвараш узр пурсидааст. "Бовар дорам, ки ӯ танқидҳоро гуш карда, хулоса мебарорад. Вай оила барпо карданӣ аст ва акнун дар бораи амалҳои худ пешакӣ фикр хоҳад кард", - афзудааст ӯ.
Ҷабборов изҳор дошта, ки Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон ҳақ дорад, чархболҳои худро барои анҷоми парвозҳои тиҷорӣ ба иҷора диҳад. "Чархболҳо бояд даромад биёранд, то техникаи нав харидорӣ шавад", - илова кардааст Ҷабборов.