Ба иттилои ваколатдор, як сокини Қуқанд шикоят кардааст, ки нозири шуъбаи пулис ва намояндаи маҳалла ӯро бидуни асос барои муойина ба беморхонаи касалиҳои руҳӣ бурдаанд.
Ба гуфтаи мард, ташхиси ӯ дар беморхона се рӯз давом кардааст ва натиҷаи ташхис нишон додааст, ки ӯ солим мебошад.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Узбекистон мегӯяд, тибқи қонугузорӣ, ташхиси равонӣ бо розигии огоҳонаи шахси муоинашаванда гузаронида мешавад, вале масъулони беморхонаи ба номи А.Ҷӯраев ин мардро бо вуҷуди норозӣ буданаш қабул ва бистарӣ карда, аз ташхис гузаронидаанд.
Ин ниҳод бо ирсоли нома аз раҳбарияти беморхона талаб кардааст, ки дастандаркорони қазия ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.