Ҳамчунин ба гуфтаи масъулони созмон, бояд аз ҳукумати Қазоқистон даъват карда шавад, ки қонуни нав "Дар бораи воситаҳои ахбори ом"-ро тағйир диҳад.
Қонуни нав ба расонаҳои хориҷӣ ва рӯзноманигорони онҳо машғул шудан ба фаъолияти касбиро бидуни парвона (аккредитатсия) манъ мекунад. Ба гуфтаи Ҳю Вилямсон, мудири бахши созмон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, "ин муқаррарот метавонад аз ҷониби ҳукумат ҳамчун василае барои фишор ба рӯзноманигороне, ки аз сиёсатҳои он интиқод мекунанд, истифода карда шавад".
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 20 июн лоиҳаи қонун "Дар бораи воситаҳои ахбори ом"-ро имзо кард. Тибқи қонуни нав, мафҳуми "Воситаҳои ахбори ом" манбаъҳои интернетиро низ дар бармегирад.
Қонуни нав муҳлати эътибори даъво ба матлаби расонаҳоро аз 3 то ба 1 сол кам карда, замони баррасии дархости востаҳои ахбори омро аз 7 то ба 5 рӯз коҳиш медиҳад.
Дар лоиҳаи қабулшуда меъёрҳои пешниҳодшуда дар бораи "кортҳои рӯзноманигорӣ" ва "манъи таблиғи муносибатҳои ҷинсии ғайрианъанавӣ" шомил нашудаанд.
Қаблан Пажӯҳишгоҳи Байнулмилалии Матбуот (IPI) гуфта буд, лоиҳаи қонун "Дар бораи воситаҳои ахбори ом", ки дар порлумони Қазоқистон баррасӣ мешавад, метавонад ба вазъи озодии баён дар ин кишвар таъсири манфӣ расонад.