Ссылки доступа

Кушиши қочоқи маводи мухаддир тавассути Қирғизистон ба Узбекистон


Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст, ки дар деҳаи Бобуйи ноҳияи Ноокени ин кишвар ду мард бо гумони қочоқи маводи мухаддир дастгир шудааст.

"Фаъолияти як гурӯҳи ҷиноии фаромарзӣ, ки ба интиқоли маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Узбекистон тавассути Қирғизистон машғул буданд, ошкор ва қатъ карда шуд. Боздоштшудагон У.Д. ва Б.М. мехостанд, ки 2,4 кило чарси афғониро ба Узбекистон интиқол диҳанд", - омадааст дар иттилоияи кумита.

Манбаъ афзуда, ки тафтишотро бо мақсади ошкор кардани аъзои дигари гуруҳ оғоз кардааст.

XS
SM
MD
LG