Ссылки доступа

Мушкили мусофирони тоҷик дар сарҳади Русия (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Мушкили мусофирони тоҷик дар сарҳади Русия. Чанд шаҳрванди Тоҷикистон бо фиристодани видео шикоят карданд, ки панҷ рӯз боз дар гузаргоҳи “Озинки”, дар марзи Қазоқистон бо Русия, дармондаанд. Онҳо мехоҳанд ба Русия гузаранд, аммо ба гуфтаашон “бо вуҷуди дуруст будани ҳуҷҷатҳо марзбонони рус шиноснома ва телефонҳояшонро соатҳо тафтиш мекунанд”. (видео)

- Вазъ дар Сахарово: “Муҳоҷиронро азият медиҳанд”. Дар боздоштгоҳи “Сахарово”-и канори Маскав муҳоҷиронро азият медиҳанд ва ба занҳои обистан ҳам раҳме надоранд. Шаҳрванди Қирғизистон Бахтигул Молдобоева, ки дар бораи шароити бади ин муассисаи давлатӣ навор нашр мекард, дар суҳбаташ бо Бахши қирғизии Радиои Озодӣ вазъро дар “Сахарово” танқид кард. (видео)

- Шикояти ронандагон аз роҳҳои вайронаи Хатлон. Бисёре аз ронандаҳо дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҳар сол 700-800 сомониро барои андоз аз истифодаи роҳ месупоранд, вале аксари роҳҳо вайрону таъмирталаб ҳастанд. Қитъаи роҳҳое ҳаст, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аслан рӯи таъмирро надидаанд. Чаро? (видео)

- Боздоштҳои намоишкоронаи фолбинҳову муллоҳо хилофи қонун будааст. (видео)

- Ғарқшавии се духтар дар ноҳияи Ҳамадонӣ. Дар ҷануби Тоҷикистон се духтари як хонавода - холабачаҳо дар як кӯли маҳаллӣ ғарқ шуда ҷон додаанд. Ин хоҳарон қурбонии навбатии шиновариҳои беназорат гардида, феҳристи бе ин ҳам фоҷеабори маргумир дар обҳои Тоҷикистонро зиёд карданд. (видео)

- "Русия нашуд, Аврупо меравем!" Қаҳрамони шумораи навбатии "Рӯзгори муҳоҷир" Шаҳриёр Ҳалимзода аст, ки дар Руминия кору зиндагӣ мекунад. (видео)

- Муҳокимаи ҳамла ба раҳбари ҳизби ҳоким дар Кӯлоб. Муҳокимаи гумонбарон ба таркиши мошини раҳбари ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар шаҳри Кӯлоб оғоз шудааст. Ҳодиса ним сол пеш рӯй дод. Мақомот таркиши мошини Салим Сайвализода “амали террористӣ” номида, дар пайванд бо он 8 нафарро боздошт кардаанд. (видео)

- Кишоварзони хатлонӣ барои содироти маҳсулоташон бозор меҷӯянд. Кишовазони дар ҷануби Тоҷикистон имкониятҳои нави тиҷорат ва содироти меваву сабзавоти худро ҷустуҷӯ доранд.Дар вилояти Хатлон солона садҳо ҳазор тонна мева ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ истеҳсол мешавад. (видео)

- "Рӯи фарш ва даст ба пушт." Амалиёт дар ҷойи кори муҳоҷирон. Мақомоти интизомии Русия рӯзи 20-уми июн дар бозори "Новоясеневский"-и Маскав амалиёти густурда анҷом доданд. Ин бозор дар назди метрои "Тёплий стан" ҷойгир аст ва макони кори садҳо муҳоҷири тоҷик. (видео)

- Камераҳо фаъол шуданд, садамаҳо кам мешаванд? Аз 20-уми июн "радар"-ҳо дар роҳҳои Душанбе фаъол шуданд. Ин таҷҳизот панҷ навъи нақзи қоидаҳо, аз ҷумла суръати ҳаракат, набастани камарбанди бехатарӣ, истодан дар хатҳои 2 ва 3, баромадан ба хатти муқобил ва эҷоди монеаро ба дигарон сабт мекунанд. Оё ин пеши роҳи садамаҳоро мегирад? (видео)

- Ширкат табаҳкорӣ намуд, вале танҳо ошпази тоҷикро ҳабс карданд. (видео)

- "Дар маърака гелос мехӯрем, дар бозор гарон аст". Сарфи назар аз фаро расидани гармӣ дар Тоҷикистон, сокинон аз гаронии нархи мева шикоят доранд. Бархе мегӯянд, аксари меваҳое, ки дар Тоҷикистон мепазанд, аз ҷумла гелосу шафтолу ва зардолу барои мардум дастнорас ҳастанд. Мақомот вазъро муваққатӣ гуфтанд. (видео)

- Марги 40 сарбоз дар як сол дар артиши Тоҷикистон. Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гузориш дод, ки дар соли 2023 марги 40 сарбоз дар артиш сабт шудааст. Аз ин шумора, ба иттилои Омбудсмен, 8 маврид худкушӣ буда, “6 нафар аз беморӣ фавтиданд”. (видео)

- Вокунишҳо дар дохилу берун ба "қонуни миллӣ"-и Тоҷикистон. Маҷлиси Миллии Тоҷикистон рӯзи 19-уми июн мавқеи худро нисбат ба тарҳи баҳсбарангези иловаҳо ба қонуни танзими ҷашну маросим маълум хоҳад кард. Манъи "воридот, фурӯш ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона дар ҷойҳои иҷтимоӣ" яке аз тағйироти асосист. (видео)

- Ҷузъиёти боздоштҳо дар Язгулом. Радиои Озодӣ ҷузъиёти боздошти гурӯҳе аз сокинони ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро пайдо кард. Амалиёти боздошти беш аз сӣ сокини ҷамоати Язгулом дар нимаи дувуми моҳи май ва аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Мақомот қазияро ба таври расмӣ шарҳ намедиҳанд. (видео)

- Гадоев: "Боздошти Усмонзода ба як генерали рус рабт дорад".Шарофиддин Гадоев, муовини раиси Паймони Миллӣ, як созмони мухолифи ҳукумат ва мамнуъ дар Тоҷикистон, ҳамагуна суҳбатро бо Саидҷаъфар Усмонзода дар бораи бо зӯр гирифтани қудрат дар Тоҷикистон рад кард. Усмонзода 12-уми июн дастгир шудааст. (видео)

- Додситонии кулли Тоҷикистон бозбинии кушторҳои ду хонавода дар Конибодомро талаб кардааст. (видео)

- Хатлон. Кори деҳқон дар гармои тобистон (видео)

- Манъи парвоз ба Русия барои надонистани забони русӣ ҷой дошт ё не? Дар ҷавоб ба шикояти мусофирони бозгашта фурудгоҳи Душанбе иброз доштааст, ки касе забондонии мусофиронро имтиҳон накардааст. (видео)

- Муҳоҷирони тоҷик дар Иди Қурбон дар Русия чӣ ҳол доштанд? (видео)

- Афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон "хуб аст", вале "зарар ҳам дорад". Дар як барномаи Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки то дуним соли дигар, яъне соли 2027, шумораи аҳолии ҷумҳурӣ ба беш аз 11 миллион нафар хоҳад расид. Ба назари Шумо, ҳарчи бештар шудани мардум дар Тоҷикистон чӣ фоида ва чӣ зиён дорад? (видео)

- Кай рӯзноманигорони бандии тоҷик раҳо хоҳанд шуд? Камаш 8 рӯзноманигору блогери тоҷик як солро дар зиндон сипарӣ карданд. Сарфи назар аз талаби созмонҳои байналмилалӣ ва хешу наздикон, ки ҳабсҳоро беасос меноманд, ҳукумати Тоҷикистон то ҳанӯз кадоме аз онҳоро озод накардааст. (видео)

- Сияҳпӯшон дар хонаҳои мардуми ваҳшатзадаи Конибодом чӣ меҷӯянд? (видео)

- Нороҳатии ронандагони мусофирбар аз озмуни ношаффоф дар Кӯлоб. (видео)

- Боздошти ҳашт зодаи Тоҷикистон дар Амрико. Бо гузашти як рӯз аз эълони мақомоти Амрико дар бораи боздошти 8 зодаи Тоҷикистон дар Лос-Анҷелес, Ню-Йорк ва Филаделфия, мақомот дар Душанбе ҳанӯз вокуниш накардаанд. Манобеи амниятии Амрико рӯзи 11-уми июн ин афродро ба иртибот бо гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” ё ДОИШ гумонбар донистанд. (видео)

- Манучеҳр Болтуев дар шаби ҳамла ба "Крокус" куҷо шуд?Наздиконаш мегӯянд, Манучеҳр Болтуеви 40-сола шаби ҳамла ба "Крокус" дар Маскав беному нишон шуд. (видео)

- Дастури муқовимат ба озори ҷавонону наврасони тоҷик. Зӯргӯйӣ, таҳқир, пастзанӣ ва таҳдид. Маҷмӯи инҳо "буллинг" ё "озордиҳӣ" ном доранд ва аз 52 то 60 дарсади ҷавонону наврасон бо чунин бархӯрд рӯбарӯ мешаванд. Гоҳе ин ҳолат онҳоро ба худкушӣ ҳам мерасонад. Дар Тоҷикистон дастури муқовимат ба озори ҷавонону наврасон таҳия мешавад. (видео)

- Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҳукумат то соли 2037 чӣ нақша дорад. "Тоҷикистон то соли 2032 тавлиди нерӯи барқро пурра аз ҳисоби захираҳои энергетикаи сабз ба роҳ хоҳад монд." Дар ин бора президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11-уми июн дар нишасти об дар Душанбе изҳори назар кард. Феълан зиёда аз 98 дарсади нерӯи барқи Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои обӣ истеҳсол мешавад. (видео)

- Дар Бохтар оромгоҳҳои масеҳиёнро обод мекунанд. Вайронгарӣ дар оромгоҳҳои насрониён дар вилояти Хатлон ва дуздидани панҷараҳои атрофи гӯрҳо мақомотро водор кардааст, ки даст ба кор шаванд. Аз ҷумла, дар шаҳри Бохтар тасмим гирифтаанд, ки атрофи оромгоҳро панҷара бигиранд, то гӯрҳои азизони мардуми масеҳӣ зери пойи гову гӯсфанд намонад. (видео)

- Бо пули муҳоҷирон ва шахсони хайрхоҳ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд пул (купрӯк) месозанд. Он тақрибан панҷоҳ сол пеш вайрон шуда буд. Мардум мегӯянд, азбаски дар аҳди Шӯравии собиқ ва зиёда аз сӣ соли истиқлол касе ба бунёди пул иқдом накард, ночор худ даст ба кор шуданд. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG