Ссылки доступа

Иқдоми фаъолони қазоқ ба ҷонибдорӣ аз Айдос Содиқов дар Амрико


Як гуруҳ аз фаъолони қазоқистонии муқими Амрико дар шаҳри Санфрантсиско ба ҷонибдорӣ аз рӯзноманигори мухолиф Айдос Содиқов иқдомеро ташкил карданд.

Паёми асосии иқдоми эътирозиро рассоми қазоқистонӣ Канат Иброҳимов баён дошт. Ӯ гуфт, "ба самти Содиқов президенти сохта Тоқаев оташ кушодааст". Иброҳимов бо забонҳои русӣ ва англисӣ суҳбат карда, видеои гирдиҳамоӣ дар Ютуб нашр шудааст.

Эътирозгарон дар даст парчамҳои Қазоқистон, ИМА, Украина ва акси Айдос Содиқовро доштанд.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев баъди ҳамла ба Содиқов гуфт, "мақомоти интизомии кишвараш барои ҳамкорӣ дар пайдо кардани дастандаркорон омодаанд".

Қаблан Додситонии кулли Қазоқистон хабар дода буд, ки Алтай Жаканбоев, яке аз гумонбарон дар сӯиқасд ба ҷони фаъоли мухолиф Айдос Содиқовро боздошт кардааст.

Додситонии кулли Украина 20 июн хабар дод, ки зидди ду шаҳрванди Қазоқистон Алтай Жаканбоеви 36-сола ва Майрам Каратаеви 33-сола бо гумони ҳамла ба Содиқов тафтишотро оғоз кардааст. Ба иттилои мақомоти Украина, ҳамлагарон 2 июн вориди шаҳри Киеви Украина шуда, барои иҷрои нақшаи худ мошини "Opel Vectra"-ро ба иҷора гирифтаанд.

Айдос Содиқов соли 2014, баъди он ки дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон зидди Наталя Содиқова парванда боз шуд, ба Украина рафта, ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ дарёфт кардааст. Содиқов мегӯяд, ӯро дар ватан бо ангезаҳои сиёсӣ таъқиб мекунанд. Мақомоти Қазоқистон Содиқовҳоро бо гумони барангехтани бадбинӣ таҳти пайгард қарор додаанд.

XS
SM
MD
LG