Ссылки доступа

Ашимбоев даст доштани мақомоти қазоқ дар сӯиқасд ба ҷони рӯзноманигорро рад кард


Раиси Сенати Қазоқистон Маулен Ашимбоев 27 июн дар посух ба суоли рӯзноманигорон эҳтимоли даст доштани мақомоти ин кишвар дар сӯиқасд ба ҷони рӯзноманигори мухолиф Айдос Содиқовро дар Украина рад кард.

"Ҳамагуна изҳорот дар бораи он ки Қазоқистон ё кадом як ниҳоди давлатии мо аз ин кор манфиатдор буданд, иғво ва бидуни асос аст", - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, масъулони Додситонии кулли Қазоқистон ҳам ба тафтиши қазия пайвастаанд ва бо ҳамтоёни украинии худ дар тамос ҳастанд.

Ӯ афзуд, ки Қазоқистон гумонбари боздоштшуда дар сӯиқасд ба ҷони рӯзноманигорро ба Украина таслим намекунад. "Қазоқистон шаҳрвандони худро ба кишвари дигар намедиҳад", - илова кард Ашимбоев.

Қаблан Додситонии кулли Қазоқистон хабар дода буд, ки Алтай Жаканбоев, яке аз гумонбарон дар сӯиқасд ба ҷони фаъоли мухолиф Айдос Содиқовро боздошт кардааст.

Додситонии кулли Украина 20 июн гуфт, зидди ду қазоқистонӣ Алтай Жаканбоеви 36-сола ва Майрам Каратаеви 33-сола бо гумони ҳамла ба Содиқов тафтишотро оғоз кардааст. Ба гуфтаи мақомоти Украина, ҳамлагарон 2 июн вориди шаҳри Киеви Украина шуда, барои иҷрои нақшаи худ мошини "Opel Vectra"-ро ба иҷора гирифтаанд.

Айдос Содиқов соли 2014, баъди он ки дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон зидди Наталя Содиқова парванда боз шуд, ба Украина рафта, ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ дарёфт кардааст. Содиқов мегӯяд, ӯро дар ватан бо ангезаҳои сиёсӣ таъқиб мекунанд. Мақомоти Қазоқистон Содиқовҳоро бо гумони барангехтани бадбинӣ таҳти пайгард қарор додаанд.

XS
SM
MD
LG