Тоқаев дастур додааст, то масъалаи бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар Қазоқистон баррасӣ шавад. "Аммо тасмими ниҳоиро дар ин замина мардум мегиранд", - афзуд ӯ. Санаи баргузории раъйпурсӣ дар ҳоли ҳозир маълум нест.
Президенти Қазоқистон баъди нахустин сафари хориҷии худ, ки ба Русия анҷом шуд, масъалаи бунёди неругоҳи ҳастаиро чанд бор мешавад, матраҳ мекунад. Ӯ дар ин сафар бо ҳамтои руси худ Владимир Путин бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар Қазоқистонро баррасӣ карда буд.
Сафири Қазоқистон дар Русия Даурен Абаев 4 майи имсол ба хабаргузории ТАСС гуфта буд, ки эҳтимол раъйпурсӣ охири соли равон баргузор шавад.