Оҷонси “Узатом” иттилоъ дода, ки нахустин ҷаласаи ситоди бунёди неругоҳи ҳастаӣ 26 июн дар маҳалли сохтмони он баргузор шуд.
“Ситод дар доираи иҷрои қарордод вазифаҳои аввалиндараҷаеро муайян сохт, ки имкон медиҳанд, то сохтмони неругоҳ дар муҳлати муқарраршуда оғоз карда шаванд”, - омадааст дар иттилоияи оҷонс.
Созишномаи байниҳукуматии Русияву Узбекистон дар бораи сохтмони неругоҳи ҳастаӣ дар ҳудуди Узбекистон моҳи сентябри соли 2018 имзо шудааст. Ин неругоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷаи Узбекистон ва қарзи давлатии Русия сохта мешавад.