Дар ин бора ба қарори ҳукумати Қазоқистон "Дар бораи баъзе аз масъалаҳои хусусигардонӣ барои солҳои 2021 - 2025" тағйирот ворид карда шудааст.
Ҳукумати Қазоқистон ба мавҷи нави хусусигардонии амволи давлатӣ омодагӣ мегирад. Интизор меравад, ки Идораи миллии хусусигардонӣ то охири тобистони имсол ҳадафҳои хусусигардониро муайян кунад. Мақомот гуфтанд, ки то охири моҳи октябр ин феҳристро тасвиб ва ба нақшаи куллии хусусигардонӣ ворид мекунанд.
Ҷамъияти саҳомии "Уральский завод Зенит” соли 1941 таъсис ёфта буд. Ин корхона асосан киштӣ истеҳсол мекард ва дар миёни корхонаҳои киштисозии Қазоқистон пешсаф буд.
"Зенит" соли гузашта бо ширкатҳои тобеи Вазорати дифои Туркия, "ASFAT" ва "YDA Group" барои сохтани киштӣ ба неруҳои баҳрии Қазоқистон шартнома имзо кард. Муовини вазири саноат ва сохтмони Қазоқистон Азамат Бейспеков моҳи декабри соли гузашта гуфта буд, ки як ширкати сохтмонии туркия омодааст, бар ивази сармоягузорӣ корхонаро бигирад.