Ссылки доступа

Дар Қирғизистон шоҳроҳи "Ӯш-Бодканд-Раззоқов" баста шудааст


Дар натиҷаи омадани сел 30 июн пули Найман дар 65-километрии шоҳроҳи Ӯш-Найман-Раззоқов тахриб шудааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон иттилоъ дод, ки барқарорсозии пул оғоз шудааст.

Ин ниҳод аз шаҳрвандони Қирғизистон даъват кардааст, ки тариқи роҳи мазкур сафар накунанд.

Борони сахти рӯзи 28 июн боиси омадани сел дар ноҳияи Ноокати вилояти Ӯши Қирғизистон шуд. Дар натиҷа даҳҳо хона зери об монда, ба иттилои расмӣ, 9 кас ҳалок шудааст.

XS
SM
MD
LG