Тибқи қарор, ҷалб кардани шаҳрвандони Узбекистон ба Чорабиниҳои оммавӣ тавассути тақсим кардани маҳсулоти ғизоӣ ва маишии ройгон ё арзоншуда манъ мебошад.
Вазорати корҳои дохилӣ ва Горди миллии Узбекистон вазифадор шудаанд, ки иҷрои қарорро сахт назорат кунанд.
Маъмурияти боғ "Ишқобод"-и шаҳри Тошканд бахшида ба Рӯзи байналмилалии кудакон дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълом карда буд, ки рӯзи 1 июн, ба 20 ҳазор кудак бозича ва яхмоси ройгон тақсим мекунад. Дар натиҷа дар дохил ва берун аз боғ одамони зиёд ҷамъ шуда, ба амнияти сокинон хатар эҷод карданд.
Додгоҳ раҳбарони боғро 15 шабонарӯз ҳабс кард.