Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳануз 28-уми декабри соли гузашта ҳангоми ироаи паёми солонааш ба порлумон дар ин бора хабар дода буд.
Зимнан, бо фармони раисиҷумҳур сар аз 1-уми январи соли ҷорӣ маоши хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин ниҳодҳо аллакай 40 фоиз зиёд шуда буд.
Дар назар аст сар аз имрӯз нафақа 30 дарсад афзояд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, аз 1-уми июли соли 2024 музди меҳнати ҳадди ақал дар кишвар 800 сомонӣ муқаррар мешавад. То кунун ҳаҷми маоши ҳадди ақал 600 сомонӣ буд.
Маош ва нафақа дар Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳои минтақа аз ҳама пасттар аст ва коршиносон инро як сабаби фасод дар идораҳои давлатӣ мегӯянд.